Интиқоди Лавров аз озор расондани кишварҳо ба якдигар
Май 31, 2018 07:01 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Русия аз авзои ҳоким бар равобити байналмилал ва муносиботи кишварҳои ҷаҳон интиқод кард.
Сергей Лавров дар ҳамоише мавсум ба арзёбиҳои Примаков дар соли 2018 гуфт: Амрико бо ба кор бурдани шеваҳои фишор бар душманон ва ҳампаймонони худ, ба дунболи исботи бартарии худ бар дигарон аст.
Вай афзуд: “Вақте, ки эътимод аз байн меравад ва меъёрҳо ва арзишҳо нодида гирифта мешавад, хатари муташанниҷ шудани авзоъ шиддат меёбад ва дигар фанновариҳои ҷадид дар сурати истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ посухгу нест, ҷанг шуруъ мешавад ва контроли он мумкин нест”.