Июн 03, 2018 14:04 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мардуми Афғонистон аз афзоиши одамрабоӣ дар ин кишвар

Одамрабоӣ аз байни бозаргонон ва бастагони онҳо дар Афғонистон боиси нигаронии мардуми ин кишвар шудааст.

Ба нақл аз ИРНО, сухангӯи утоқаки тиҷорат ва бозаргонии Афғонистон рӯзи якшанбе дар Кобул гуфт: Дар думоҳи гузашта 22 мавриди одамрабоӣ дар миёни ҷомеъаи фаолони иқтисодӣ ва бастагони онҳо дар ин кишвар руй додааст.

Сиём Писарлӣ афзуд: Аз давлати Афғонистон хоста шуда, то амнияти ҷони бозаргононро таъмин кунад ва агар на ин раванд боиси фирори сармояҳо аз кишвар хоҳад шуд, ки ин худ омили бадтар шудани амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мешавад.

Наҷиб Дониш-сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон ҳам дар гуфтугӯ бо расонаҳои маҳаллӣ аз омодагии ин вазоратхона барои таъмини амнияти фаолони иқтисодӣ хабар дод.

Бархе аз коршиносони минтақа бар ин бовар ҳастанд гаравгонгирон бозаргонон ва сармоягузорони ин кишварро ба вижа дар Ҳарот ҳадаф қарор дода ва боиси таваққуфи прожаҳо ва барномаҳои иқтисодӣ дар ин вилоят шудаанд.