Июн 08, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
  • Мақоми парлумонии Афғонистон: Мухолифони вожаи

Муовини дувуми парлумони Афғонистон эълом кард, бар асоси Қонуни асосии ин кишвар, касоне, ки худро "афғон" намедонанд, ҳақи номзадӣ дар интихоботи ояндаро надоранд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, дар як соли гузашта сабти вожаи афғон ба унвони миллият ва сабти қавмиятҳо дар шиносномаҳои электронии мардуми Афғонистон, ба мавзӯе ҷанҷолӣ байни сарони давлати Кобул ва аъзои парлумон табдил шудааст.

Амирхон Ёр муовини дувуми парлумони Афғонистон гуфтааст, комиссияи интихобот набояд ба мухолифони вожаи афғон иҷозаи номзадӣ дар интихоботи парлумониро бидиҳад.

Пеш аз ин низ яке аз аъзои комиссияи интихоботии Афғонистон гуфта буд, номи мухолифони вожаи афғон аз феҳристи ниҳоии номзадҳои интихоботи парлумонии Афғонистон ҳазф хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз раҳбарони сиёсӣ ва аъзои парлумони Афғонистон калимаи афғонро ба унвони ҳувияти миллии мардуми ин кишвар қабул надоранд ва сабти ин вожаро ба унвони миллият дар шиносномаҳои электронии мардуми Афғонистон, таҳмили ҳувияти қавмии паштун бар дигар ақвом медонанд.

Интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилояти Афғонистон қарор аст пас аз се сол таъхир дар октябри оянда баргузор шавад.