Дидори раисҷумҳурҳои Узбакистону Русия
Раисҷумҳурҳои Узбакистону Русия бар густариши мубодилоти иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон, ки барои ҳузур дар ҳаждаҳумин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Чин ба сар мебурд, рӯзи шанбе бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор ва дар хусуси густариши муносиботи дуҷониба баҳсу табодули назар кард. Шавкат Мирзиёев дар ин дидор бо ишора ба сафари 70 ҳайат ва 21 дидори мақомоти вилоятии ду кишвар дар як соли ахир бар густариши равобити ду кишвар, бахусус дар заминаи иқтисодӣ таъкид кард. Владимир Путин низ дар ин дидор бо ишора ба таъсироти сафари соли гузаштаи Мирзиёев ба Маскав дар густариши муносиботи иқтисодӣ бар иҷроӣ шудани сареътари тарҳҳои муштараки ду кишвар таъкид кард.
Дар нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шаҳри Чиндаои Чин баргузор мешавад, сарони ҳашт кишвари узв ва чаҳор кишвари нозир, ҳамчунин масъулони созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001 таъсис шуд. Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон аъзои доимӣ ва Эрону Афғонистон низ аз ҷумлаи аъзои нозири Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳастанд.