Роҳандозии "хизматрасонии онлайн" барои гирифтани шаҳрвандии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35406-Роҳандозии_хизматрасонии_онлайн_барои_гирифтани_шаҳрвандии_Русия
Бо тавсияи раиси ҷумҳури Русия, бо ҳадафи осонсозии марҳилаҳои марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ, хизматрасонии онлайн роҳандозӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2018 07:04 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии

Бо тавсияи раиси ҷумҳури Русия, бо ҳадафи осонсозии марҳилаҳои марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ, хизматрасонии онлайн роҳандозӣ шуд.

Ба нақл аз Спутник, сухангӯи Вазорати умури дохилии Русия эълом кард, ин вазоратхона ба манзури ҳалли фаврии масоил ва мушкилоти марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ дар вебгоҳи худ хизматрасонии онлайн роҳандозӣ кардааст.

Ирина Волк таъкид кард пас аз супориши Владимир Путин бар асоси осонсозии гирифтани шаҳрвандӣ, Владимир Калакалтсев вазири умури дохилии Русия дастури роҳандозии хизматрасонии онлайнро содир кард ва акнун дар вебгоҳи ин вазоратхона бахши масоили марбут ба гирифтани шаҳрвандии Русия фаол шудааст.

Ба гуфтаи вай, ин бахш иттилоотеро дар бораи дархости шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои лозима ироа медиҳад.

Пештар Владимир Путин бо таъкид бар осонсозии марҳилаҳои марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ фармонеро содир карда буд, ки мутобиқи он шаш тоҷик тавонистанд шаҳрвандии Русияро бадаст оваранд.