Истиқболи Афғонистон аз иқдомоти байналмилалӣ барои ҳалли буҳрони об
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35902-Истиқболи_Афғонистон_аз_иқдомоти_байналмилалӣ_барои_ҳалли_буҳрони_об
Раиси иҷроии ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Конфронси байналмилалии «Об барои тавсеа пойдор», ки дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Афғонистон аз иқдомоти байналмилалӣ барои ҳалли буҳрони об

Раиси иҷроии ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Конфронси байналмилалии «Об барои тавсеа пойдор», ки дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.

Раиси иҷроии давлати Афғонистон дар ин конфронс гуфт, мушкили камбуди об як чолиши ҷиддӣ барои ҷаҳон ба вижа кишварҳои дар ҳоли тавсеа шумурда мешавад.

Вай афзуд: Тағйироти ҳаво, афзоиши нуфус ва олудагӣ зистмуҳитӣ аз муҳимтарин авомили муассир аст, ки мушкилоти обро бештар месозад.