Зарби сиккаҳои ҷадид дар сурати сууди Русия (акс)
Июл 07, 2018 12:17 Asia/Dushanbe
Дар сурати пирӯзии тими миллии Русия муқобил Хорватия ва сууди ин тим ба нима ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ, Русия сиккаҳои ҷадиде бо тарҳи логотипи федератсияи футболи ин кишвар зарб хоҳад кард.
Муваффақияти тими миллии Русия дар убур аз Испания дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоӣ боис шуда, то умедҳо ба муваффақияти онҳо муқобили Хорватия ва сууд ба нима ниҳоӣ боло биравад.
Агар Русия битавонад аз садди Хорватия убур карда ва ба ҷамъи 4 тими бартари рақобатҳо сууд кунад, бонки марказии ин кишвар, сиккаҳои ним рублӣ бо тарҳи логотипи федератсияи футбол зарб хоҳад кард.