Июл 08, 2018 13:39 Asia/Dushanbe
  • Худкушии кишоварзони ҳиндӣ ба иллати хушксолӣ

Беш аз ҳазор кишоварзи ҳиндӣ дар иёлати Маҳараштра дар ғарби ин кишвар ба иллати хушксолӣ худкушӣ карданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Times of India”, 1092 нафар аз кишоварзони иёлати Маҳараштра, ки заминҳои онҳо бо хушксолӣ мувоҷеҳ шудааст, дар панҷ моҳи гузашта худкушӣ кардаанд.

 Минтақаи  Маратава дар иёлати Маҳараштра, минтақае фақирнишин бо хушксолиҳои тӯлонӣ аст, ки дар панҷ моҳи гузашта мавридҳои худкушӣ дар он афзоиш доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки кишоварзӣ манбаи даромади аслии сокинони манотиқи мухталифи иёлати Маҳараштра аст.

 Давлати Ҳинд ахиран дар гузорише эълом кард, аз соли 2001 то 2017, теъдоди 26 ҳазору 339 кишоварз дар иёлати Маҳараштра худкушӣ кардаанд.

Дар солҳои ахир кишоварзӣ дар Ҳинд ба далели шароити номусоиди обуҳавоӣ (хушксолӣ ва сел) осеби зиёде дидааст.