Июл 19, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
  • Русия аз феҳристи қарздорони бузурги Амрико хориҷ шуд

Тибқи гузорише, ки тавассути Вазорати хазонадории Амрико мунташир шуд, Русия дигар дар байни қарздорони байналмилалии бузурги хазонадории Амрико қарор надорад.

Дар май, Маскав мизони авроқи қарзаи амрикоии худро ба 14.9 миллиард доллар расонд ва ба ин тартиб аз феҳристи 33 қарздори бузурги амрикоӣ хориҷ шуд.  

Русия моҳи апрел бо дар ихтиёр доштани 48.7 миллиард доллар авроқи қарзаи амрикоӣ дар ҷойгоҳи бисту дувум қарор дошт.

Хазонадории Амрико дар феҳристи ҷадиди худ ба инки ҳамакнун Русия чи ҷойгоҳе дар миёни қарздорони байналмилалии Амрико дорад, ишорае накард.

Бозори авроқи қарзаи Амрико яке аз муҳимтарин ва саёлтарин бозорҳои ҷаҳон аст ва тақозо барои он ҳамчунон болост.