Июл 31, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико дар бораи фишор ба харидорони силоҳи русӣ

Вазири умури хориҷии Русия ба Амрико дар бораи фишор ба харидорони силоҳи русӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сергей Лавров рӯзи душанбе ба Амрико дар бораи фишорҳои ин кишвар ба муштариёни таслиҳоти сохти Русия ҳушдор дод, чунин рӯйкарде заминаро барои чолиш муҳайё мекунад. Вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин бо ишора ба тамоили Туркия ба хариди сомонаи дифои мушакии «S-400» аз Маскав гуфт, кишварҳое чун Индонезия, Туркия ва Ҳинд мувофиқат намекунанд, ки ҳаққи тиҷорати худро дар ихтиёри касоне бигузоранд, ки ба онҳо ҳушдор медиҳанд ва таҳдидашон мекунанд.

Конгресси Амрико 18-уми июн қонунеро барои манъи фурӯши ҷангандаҳои «F-35» ба Туркия бо вуҷуди тавофуқи байни ду тараф тасвиб кард. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия пас аз он гуфт, Доналд Трамп, ҳамтои амрикоияш ба ӯ итминон додааст, ки бо вуҷуди талошҳои Конгресс ин муомилаи таслиҳотӣ анҷом мешавад.

Мақомоти Амрико ва НАТО бо афзоиши шумори “F-35”-ҳои фаъол дар Аврупо ва ҷо афтодани ин ҷанганда дар “қораи сабз” аз дастрасии Русия ба мушаххасот ва иттилооти марбут ба ин ҷанганда нигарон ҳастанд. Онҳо бар ин боваранд, ки дастёбии Туркия ба сомонаи дифоии мушакии «S-400» ин имконро ба Русия медиҳад, ки аз вижагиҳои ҷангандаҳои «F-35» огоҳ шавад.