Июл 31, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомб дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон

Манобеи хабарӣ аз инфиҷори бомб дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор хабар доданд.  

Шоҳидони маҳаллии афғон сешанбе аз шунида шудани садои инфиҷори бомб дар Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон ба дунболи тирандозӣ хабар доданд.

Субҳи имрӯз низ дар паи инфиҷори бомб канори ҷоддае дар масири убури як дастгоҳ автобуси мусофирбарӣ дар вилояти Фароҳи Афғонистон, ёздаҳ нафар кушта ва 31 тани дигар захмӣ шуданд.