Умрон Хон: Амволи дуздидашударо бармегардонем
Раҳбари ҳизби пирӯз дар интихоботи парлумонии Покистон аз Лондон хост, амволеро, ки сиёсатмадорони пешини Покистон аз мардуми ин кишвар "дузида ба Англия бурдаанд", баргардонад.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Умрон Хон, раҳбари Ҳизби таҳрики инсоф, ки дар интихоботи парлумонии ахири Покистон ба пирӯзӣ расид, рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо сафири Англия дар Исломобод гуфт, бозгардондани амволе, ки аз мардуми Покистон дуздида ва ба Лондон мунтақил шудааст, авлавияти нахусти коре ӯст. Умрон Хон гуфт: «Мутаассифона, дар солҳои гузошта амволи бисёре аз мардуми Покистон сирқат шуда ва ба дасти сиёсатмадорони пешин ба Англия мунтақил шудааст, ки ман бозгардондани ин амволро авлавияти ҷиддии ҳукумати худ медонам».
Сиёсатмадороне чун Навоз Шариф ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки амволи бисёре дар Англия доранд.
Умрон Хон дар суханронии аввали худ пас аз пирӯзӣ дар интихобот низ гуфта буд, адолатхоҳӣ ва соддазистӣ ду мавзӯи муҳиме аст, ки ҳукумати ӯ пайгири он хоҳад буд.
Бар асоси эъломи натиҷаи рӯзи ҷумъаи Комиссияи назорат бар интихоботи Покистон, Ҳизби таҳрики инсоф ба раҳбарии Умрон Хон 115 курсии намояндагии Маҷлиси милли ин кишварро аз они худ карда барандаи ин интихобот шуд. Бо ин ҳол, Умрон Хон аксарияти қотеи ороъро касб накарда ва бояд барои ташкили кобина эътилоф ташкил диҳад.