Август 02, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
  • Трамп рекорддори дуруғгутарин раисҷумҳури Амрико шуд

Як рӯзномаи амрикоӣ навишт, раисҷумҳури ин кишвар дар 558 рӯзи гузашта, 4229 изҳори назари дуруғ ё иддаои нодуруст тарҳ кардааст.  

Вашингтон Пост дар гузориши худ навишт: Бар асоси иттилооти ба дастомада Доналд Трамп фақат дар ду моҳи ахир 978 маврид дуруғгуӣ ва иддаои нодуруст доштааст.

Вай дар аввалин соли ҳузураш дар Кохи Сафед, 2140 дуруғ ва ё изҳори назари гумроҳкунанда тарҳ карда, аммо шаш моҳ баъд, ин омори вай ду баробар шудааст.

Трамп танҳо дар мавриди масоили марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ, 432 изҳори назари иштибоҳ ва гумроҳкунанда доштааст.

 

Барчасп