Баргузории размоиши нерӯҳои ҳавоии СПАД дар Русия
Вазорати дифои Русия аз баргузор шудани размоиши муштараки нерӯи ҳавоии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар рӯзҳои оянда, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузори ТАСС, Вазорати дифои Русия эълом кард, дар аволи октябри 2018 размоиши муштараки нерӯи ҳавоии кишварҳои узви СПАД ба унвони “Пули ҳавоӣ” баргузор мешавад.
Дар размоиши “Пули ҳавоӣ”, ки қарор аст, дар вилояти Свердлови Русия баргузор шавад, ташкили система ва мудирияти ҳамлу нақли ҳавоӣ, тамрин хоҳад шуд.
СПАД барои аввалин бор ин размоишро баргузор мекунад ва нерӯи ҳавоии кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин размоиш ширкат мекунанд.
СПАД яке аз созмонҳои фаъоли низомӣ ва чандманзура дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.
Ин созмон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 таъсис шуд ва ҳадаф аз таъсиси он таҳкими сулҳу амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, якпорчагӣ ва истиқлоли кишварҳои узв аст.
Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҷумуҳрии Озарбойҷон, аъзои ин созмон ҳастанд.