Қатъи ҳамкории Амрико бо Русия дар муоҳидаи осмонҳои боз
Август 14, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
Қатъи ҳамкории Вашингтон бо Маскав дар муоҳидаи осмонҳои боз интиқоди муовини вазири хориҷаи Русияро дар пай дошт.
Сергей Рябков гуфт: Маскав амиқан аз қатъи ҳамкории Амрико бо Русия дар муоҳидаи осмонҳои боз мутаассиф аст, чаро, ки ин иқдом нақзи сареҳи равобити байналмилал аст.
Кишварҳои узви муоҳидаи осмонҳои боз пазируфтаанд, ки ҳавопаймоҳои назоратӣ ва шиносоии кишварҳои имзокунандаи ин муоҳида битавонанд бидуни ҳеҷ гуна музоҳимате ва ба роҳатӣ аз осмони кишварҳои якдигар убур кунанд.
Барчасп