Халабоне, ки ҳавопаймояшро ба хонааш кубид+видео
Марди амрикоӣ дар иёлати Юта, ҳавопаймояшро ба хонаи худ кубид.
Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, полиси иёлати Аризонаи Амрико навишт: Як мард аз иёлати Юта бо ҳавопаймо бар руи боми хонаи худ суқут кард ва кушта шуд.
Халабони ҳавопаймо марде ба номи Дуъейн Юд буд, ки чанд соат пеш аз ҳодиса аз зиндон озод шуда буд.
Полиси Амрико ба хабарнигорон гуфт, пас аз суқути ҳавопаймо, оташ пурра сохтмонро фаро гирифта буд, аммо ҳамсар ва як писарбача, ки дар замони ҳодиса дохили хона буданд солим берун оварда шуданд.
Полис эълом кард Юд рӯзи якшанбе ба хотири ҳамла ба ҳамсараш дастгир шуда буд, ки ҳудуди соати 19:30 ба зиндони иёлати Юта рафт ва баъд ба қайди васиқа озод шуд.
Ба гуфтаи идораи ҳавонавардии федератсияи Амрико, суқути ҳавопаймои думатораи сесна 525 ҳудуди соати 2:30 бомдод бар руи ин хона будааст.
Полис бо ибрози беиттилоӣ аз ҳадафи халабон дар кубидан ба манзилаш, гуфтааст: Ӯ як халабони бо таҷриба буд ва аз фурудгоҳи мабдаъ мустақим ба хона парвоз карда буд.