Август 16, 2018 12:38 Asia/Dushanbe

Дидани донишомӯзони маҷрӯҳи яманӣ дар устони Саъда, ашки намояндаи Созмони милалро даровард.

Лисе Гранде, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони милал, ки ба Яман сафар кардааст, бо дидани донишомӯзоне, ки дар ҳамлаи ахири Арабистон ба Заҳён дар Саъда маҷрӯҳ шуданд, гирист.

Вай гуфт: “Ҳамаи дунё ин иқдомро маҳкум мекунанд ва ман аз дабири кулли Созмони милал хостам, ки таҳқиқе фарогир ва мустақил дар бораи ин ҳодиса анҷом шавад”.

Ҷангандаҳои режими мутаҷовизи Саудӣ панҷшанбе 9 август автобуси ҳомили донишомӯзони яманиро дар бозори шаҳри Заҳён ҳадаф қарор доданд, ки ба шаҳид ва захмӣ шудани 131 нафар аз ҷумла 96 кӯдак мунҷар шуд.