Август 22, 2018 18:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар посух ба таҳримҳои ҷадиди Амрико

Муовини вазири хориҷаи Русия бо ишора ба таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба баҳонаҳои ҷаълӣ таъкид кард, ин кишвар ба таҳримҳои ҷадиди Амрико посух хоҳад дод.  

Сергей Рябков тасреҳ кард, ҳеҷгуна шавоҳид ё далоили мантиқӣ барои эъмоли ин таҳримҳо ироа нашудааст ва фақат туҳматҳои нораво ба Русия заданд.  

Вай гуфт, Амрико дарсадади пешбурди сиёсати зиддирусии худ аз тариқи кумитаи марбута дар Шӯрои амният аст.