Иттиҳоми Русия ба Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37569-Иттиҳоми_Русия_ба_Афғонистон
Вазорати умури хориҷаи Русия сафири Афғонистон дар Маскавро ба дурӯғпардозӣ, муттаҳам кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 23, 2018 16:29 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Русия ба Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Русия сафири Афғонистон дар Маскавро ба дурӯғпардозӣ, муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар баёнияе изҳороти ахири сафири Афғонистон дар Маскавро, ки гуфта буд, Русия аз Толибон барои мубориза бо гурӯҳи такфирии ДИИШ ҳимоят мекунад, ба дӯр аз воқеият донист.Ахиран гуфта буд, Маскав талош мекунад то аз Толибон барои мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон истифода кунад.

Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба суханони Абдулқаюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав эълом кард, ин изҳорот ҳақиқат надорад ва талоше барои таҳрифи сиёсати Русия дар қиболи Афғонистон маҳсуб мешавад.

Дар ин баёния омадааст, Абдулқаюм Кӯчӣ пеш аз ин низ изҳори назарҳои беасос ва ба дӯр аз воқеият доштааст.

Пеш аз ин ҳам Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом карда буд, Русия ҳаргиз тамоси худ бо Толибонро пинҳон намекунад, аммо ҳеҷ вақт аз Толибон барои мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ҳимоят накардааст.