Август 26, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
  • Як тан аз раҳбарони ДИИШ дар Афғонистон кушта шуд

Фарде ба номи Саъд Арҳобӣ, ки ба унвони чаҳорумин раҳбари ДИИШ дар Афғонистон муаррифӣ шудааст, дар устони шарқии Нангарҳори Афғонистон ҳамроҳ бо 10 тан аз нерӯҳояш кушта шуданд.  

Манобеи хабарии Афғонистон эълом карданд, ки Арҳобӣ шаби гузашта дар шаҳристони Хугиёнии устони Нангарҳор дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуд.  

Аммо бархе расонаҳо номи вайро Абусаид Арукзай эълом кардаанд.

Агар номи дувум дуруст бошад, Арукзай номи яке аз манотиқи қабоилӣ дар он тарафи хати Девранд дар кишвари Покистон аст.

Ағлаби нерӯҳои вобаста ба ДИИШ, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, аз паштунҳои Арукзай ҳастанд.