Август 29, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милали Муттаҳид даргузашти ҷангалбонони эрониро таслият гуфт

Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид даргузашти фаъолони зистмуҳитӣ ва ҷангалбонони эрониро дар талош барои маҳори оташсӯзии ҷангалҳои ғарби Эрон, таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, Эрик Сулҳейм, муовини дабири кул ва раиси барномаи муҳити зисти СММ рӯзи сешанбе дар паёме твиттерӣ, қурбониёни ин ҳодисаро қаҳрамононе донист, ки зиндагонии худро барои ҳифозат аз муҳити зист ба хатар андохта ва аз даст доданд.

Чаҳор муҳитбони эронӣ дар ҳодисаи оташсӯзии рӯзи шанбеи гузашта дар бахше аз ҷанглҳои шаҳристони марзии Маривон, дар ғарби Эрон дар 130 километрии Санандаҷ, маркази устони Курдистон ҷон бохтанд.

Ин оташсӯзӣ рӯзи шанбе дар манотиқи ҷангалии Маривон шуруъ шуд ва нерӯҳои артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, мустақар дар ин шаҳристон ва Басиҷи мардумӣ барои хомӯш кардани он иқдом карданд.