Радди гузориши Созмони Милали Муттаҳид аз сӯйи давлати Миёнмор
Сухангӯи давлати Миёнмор натоиҷи таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи наслкушӣ алайҳи мусалмони Руҳингиё рад кард.
Ба гузориши “Франс Пресс”, Зав Ҳтой, сухангӯи давлати Миёнмор дар суханоне, ки имрӯз, чаҳоршанбе дар рӯзномаи расмии “Глобал Ню Лайт” – и Миёнмор мунташир шуд, ҳамчунин эълом кард, Миёнмор ба Кумитаи таҳқиқи СММ иҷоза намедиҳад, вориди Миёнмор шавад то дар бораи мусалмонони Руҳингиё таҳқиқ кунад.
Сухангӯи давлати Миёнмор ҳамчунин ба тасмими шабакаи иҷтимоии Фуйсбук ба масдуд кардани сафҳаи генерал Мин Аунг Ҳлайнг ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар эътироз кард.
Ҳайати таҳқиқи СММ дар бораи ҷиноятҳои низомиёни Миёнмор зидди мусалмонони Руҳингиё, муҳокимаи фармондеҳи кулли артиши ин кишварро хостор шуд.
Марзуқи Дарусман, раиси Кумитаи таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти хабарие, ки барои интишори гузориши ниҳоии он дар Женева баргузор шуд, генерал Мин Аунг Ҳлайнг, фармондеҳи кулли артиши Миёнморро ба ҳамроҳи панҷ фармондеҳи дигари артиши ин кишвар муқассири аслии куштори мусалмонони Руҳингиё ва оворагии онон муаррифӣ кард ва хоҳони муҳокима ва муҷозоти онон шуд.