Талош барои осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37746-Талош_барои_осонсозии_дарёфти_шаҳрвандии_Русия
Дар Русия талошҳо барои осонсозии дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои коргарони муҳоҷири мутахассиси хориҷӣ, ба манзури ҷуброни камбуди ҷамъияти ин кишвар афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2018 05:31 Asia/Dushanbe
  • Талош барои осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия

Дар Русия талошҳо барои осонсозии дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои коргарони муҳоҷири мутахассиси хориҷӣ, ба манзури ҷуброни камбуди ҷамъияти ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати дохилии Русия тарҳи нави осонсозии раванди дарёфти тобеияти ин кишвар барои коргарони хориҷии мутахассисро таҳия кардааст, ки имкон медиҳад, афроди бештаре шаҳрванди Русия шаванд.

Мақомоти Вазорати дохилии Русия эълом кардаанд, ки тайи 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз 148 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ тобеияти русӣ дарёфт кардаанд, ки дар муқоиса бо солҳои қабл бесобиқа будааст.

Аммо Юрий Московский, мудири Бунёди пажӯҳишии умури муҳоҷирон дар Русия муътақид аст, ки сиёсати давлати ин кишвар дар заминаи сахтгирӣ дар қиболи коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва додани сабукиҳо барои дарёфти тобеияти русӣ бо ҳам дар тазод аст, зеро ҳукумат талош мекунад, ки бо сахтгирӣ нисбат ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ононро водор ба пазириши тобеияти Русия кунад. Иқдоме, ки яке аз роҳҳои ҷуброни камбуди ҷамъият ба ҳисоб меояд. Ин сиёсат аломати ошкори давлати Русия ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ аст, ки агар мехоҳед дар ин кишвар дар фазои оромиш кору зиндагӣ кунед, бояд тобеияти Русияро бипазиред.

Манобеи Вазорати дохилии Русия мегӯянд, ки дар соли 2017 беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромадаанд.

Бар асоси омори расмӣ тайи беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч карда ва тобеият гирифтаанд, беш аз 400 ҳазор нафар аз тоҷикҳо низ муваффақ ба касби ин мавқеият шудаанд.