Интиқоди идораи сабти аҳволи Афғонистон аз аҳзоби сиёсӣ
(last modified Mon, 03 Sep 2018 08:51:42 GMT )
Сентябр 03, 2018 13:51 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди идораи сабти аҳволи Афғонистон аз аҳзоби сиёсӣ

Сухангӯи идораи сабти аҳволи Афғонистон аз аҳзоби сиёсии ин кишвар ба далели ба намоиш гузоштани шиносномаҳои тақаллубӣ, интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Руҳуллоҳ Аҳмадзай гуфт, рӯнамоии аҳзоб аз шиносномаҳои тақаллубӣ талоше барои мушавваш (ташвиш) кардани афкори умумии Афғонистон аст.

Пас аз онки давлати Афғонистон ҳозир ба пазириши ислоҳот дар низоми интихоботӣ нашуд, намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон аз ҳазорон шиносномаи тақаллубӣ, барчасби интихоботӣ ва дафтари сабти номи раъйдиҳандагон рӯнамоӣ карданд, ки ба гуфтаи онҳо, Арги раёсатҷумҳурӣ ва комиссияи интихобот барои муҳандисии интихоботи парлумонӣ тадорук дида буданд.

Аҳмадзай дар айни ҳол аз вазорати кишвари Афғонистон хост, то касонеро, ки барои садама задан ба раванди интихобот талош мекунанд, шиносоӣ кунад.

Интихоботи парлумонии Афғонистон қарор аст, пас аз се сол,  рӯзи бистуми октябри оянда баргузор шавад, аммо раванди баргузории он бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ шудааст.

Агарчи Комиссияи интихоботи Афғонистон борҳо таъкид кардааст, интихоботи парлумонӣ дар мавъиди муқаррар баргузор мешавад, аммо аҳзоби сиёсии Афғонистон ҳушдор додаанд, ки дар сурати ислоҳ нашудани низоми интихоботӣ, монеи баргузории он хоҳанд шуд.