Сентябр 08, 2016 17:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи НАТО ҷудоии кишварҳои Паймони амнияти ҷамъӣ аз Русия аст

Дабири кулли созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, ҷудоии кишварҳои созмони Паймони амнияти ҷамъӣ аз Русияро ҳадафи Ғарб донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Николай Бордюжа-дабири кулли созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, имрӯз дар Маскав гуфт, НАТО мухолифи раванди ҳамгароии кишварҳои узви созмони Паймони амнияти ҷамъӣ бо Русия аст.

Вай афзуд, кишварҳои ғарбӣ хостори ҷудоии кишварҳои муттаҳиди ҷаҳон аз якдигар ҳастанд, то аҳдофи худро дар ин кишварҳо пиёда кунанд.

Ба гуфтаи Бордюжа, НАТО дар назар дорад, то кишварҳои узви созмон Паймони амнияти ҷамъӣ монанди Сурия шаванд ва ҳеҷ кишваре дар муқобили таҷовузи онҳо тавони муқобила надошта бошад.

Вай, ҳамчунин бо ишора ба ҷанги иттилоотии Ғарб, гуфт, кишварҳои ғарбӣ ҳамарӯза дар мавриди созмони Паймони амният ҷамъӣ суханони бепоя ва асос унвон мекунанд, ки ҳадафи онҳо ҷудоии ин кишварҳо аз Русия аст.