Сентябр 13, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия

Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо алайҳи мақомҳо ва шаҳрвандони русро шаш моҳи дигар тамдид кард.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, дафтари матбуоти Иттиҳодияи Аврупо гузориш дод, ин иттиҳодия таҳримҳои фардӣ алайҳ Русияро то 15 марти 2019 тамдид кард.

Ин таҳримҳо шомили масдуд кардани дороиҳо ва ҳисобҳои бонкӣ ва манъи сафар ба кишварҳои аврупоӣ мешавад.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ва шаҳрвандони он бо иттиҳоми иқдоми онон дар тазъифи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Украина, аз моҳи марти 2014 эъмол шудааст.

Акнун феҳристи ин таҳримҳо шомили 154 нафар ва 44 созмон ва ширкат русӣ аст.

Вашингтон низ бо тарҳи иддаоҳои мушобеҳ, таҳримҳоеро алайҳи Русия ба иҷро гузоштааст.

Русия зимни радди ҳамаи иттиҳомот, маҳдудиятҳои иқтисодии мутақобилеро алайҳи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо эъмол кардааст.