Сентябр 14, 2018 21:12 Asia/Dushanbe
  • Табдили Кохи нахуствазири Покистон ба маркази донишгоҳӣ

Дар амал ба ваъдаҳои Имрон Хон, Кохи нахуствазири Покистон ба манзури мубориза бо ишрофигарӣ ба Донишгоҳи мумтози фанноварии иттилоот табдил мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Шафқат Маҳмуд рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Исломобод, гуфт, Кохи нахуствазири Покистон дар замине ба масоҳат 554 ҳазор метри мураббаъ бино шудааст ва махориҷи солиёнаи он, ҳудуди чаҳор миллиону 500 ҳазор доллар аст, аз ин рӯ, дар ин кох Донишгоҳи фанноварии иттилооти Покистон таъсис мешавад.

Вазири омӯзиш ва парвариши Покистон афзуд, ҳамчунин қарор аст, ки Хонаи давлати ин кишвар дар шаҳри гардишгарии Murree низ бо сарфи ҳазинаи 6 миллион доллар ба меҳмонхона табдил ва аз ин роҳ даромадҳои ҳосила ба хизонаи миллии Покистон бозгардад.

Бар асоси тасмими давлати Покистон, бинои муҷаллали «Хонаи давлат» низ ба мӯзе табдил шуда ва шаҳрвандони ин кишвар метавонанд, ройгон аз ин бинои бошукӯҳ дидан кунанд.

Вазири омӯзиш ва парвариши Покистон хотирнишон кард, зиндагии таҷаммул (ба таври дабдабанок)-и масъулони давлатҳои пешин дар ин кишвар, афзоиши мушкилоти мардумро ба ҳамроҳ дошт ва давлати кунунии Имрон Хон дар талош аст, то ин шева ва сабки зиндагиро тағйир диҳад.

Имрон Хон пештар имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ дар Эронро сармашқи худ дар содда зистӣ ва дӯрӣ аз таҷаммулот, эълом карда буд.