Оё Ашраф Ғанӣ ба Созмони милал меравад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38289-Оё_Ашраф_Ғанӣ_ба_Созмони_милал_меравад
Бархе манобеи хабарии афғон эълом кардаанд, ки раисҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба рафтори Трамп, сафари худ ба Ню-Йоркро лағв кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 24, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Оё Ашраф Ғанӣ ба Созмони милал меравад?

Бархе манобеи хабарии афғон эълом кардаанд, ки раисҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба рафтори Трамп, сафари худ ба Ню-Йоркро лағв кардааст.

Бархе манобеи дохилии афғон эълом кардаанд, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар ба далели рафтори нохушоянди Доналд Трамп сафари худ ба Ню-Йорк ва ҳузур дар Маҷмаи умумии Созмони милалро лағв кардааст.

Тибқи ҳамоҳангиҳои пешин қарор буд, дар ҳошияи баргузории Маҷмаи умумии Созмони милал Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дидору гуфтугӯ кунад.

Аммо чанд рӯз қабл аз ин дидор, дафтари раёсатҷумҳурии Амрико дар номае унвон кард, ки Ашраф Ғанӣ бояд бо Майк Пампо, вазири хориҷаи ин кишвар дидор кунад .