Сентябр 25, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Мутаваллидони Шӯравии собиқ дар Русия шаҳрвандӣ мегиранд

Думаи давлатии Русия тарҳеро таҳия кардааст, ки бар асоси он тамоми таваллудшудагон (мутаваллидон) дар замони Шӯравии собиқ дар сурати дархост метавонанд шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд.

Ба гузориши “Спутник”, ин тарҳ ба дастури Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия таҳия шуда ва пас аз баррасӣ дар Думаи давлатӣ барои имзо ба Путин ироа хоҳад шуд.

Бар асоси ин қонун, ҳатто дигар ниёзе ба бекор кардан (лағв) - и шаҳрвандии қаблии афрод нест ва ин банд аз шарти пазириши шаҳрвандии Русия ҳазф шудааст ва онон метавонанд шиносономаҳои миллии худро низ ҳифз кунанд.

Акнун ба дастури раиси ҷумҳурии Русия ҳамаи афроди мутаваллиди қаламрави Шӯравии собиқ танҳо бо донистани забони русӣ метавонанд шаҳрвандии Русияро бипазиранд, яъне меъёри аслӣ дар пазириши тобеияти Русия донистани забони русӣ хоҳад буд.

Коршиносон муътақиданд, ки амалӣ шудани ин қонун шароити пазириши шаҳрвандии Русияро барои ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон осон хоҳад кард.

Ҳамчунин ин афрод метавонанд аз ҳуқуқи яксон бо шаҳрвандони Русия дар заминаи кор, бимаи дармонӣ ва нафақаи бознишастагӣ бархурдор гарданд.

Бар асоси омори расмӣ, дар беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч карда ва тобеият гирифтаанд, 500 ҳазор нафар аз тоҷикҳо низ муваффақ ба касби тобеияти Русия шудаанд.