Октябр 03, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Амрико аз ДИИШ дар Афғонистон ҳимоят мекунад

Гурӯҳи Толибон эълом кард, ҷангандаҳои амрикоӣ ба манзури ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ мавозеи Толибонро дар шарқи Афғонистон бомбаборон карданд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи Толибон дар баёнияе эълом кард, ҷангандаҳои амрикоӣ дар ҳимоят аз ДИИШ мавозеи Толибонро дар шаҳристони Хугиёнии вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон бомбаборон карданд.

Ба иддаои Муҷоҳид, аъзои ДИИШ дар шаҳристони Хугиёнӣ дар муҳосираи Толибон буданд.

Вай гуфт: Дар ин бомбаборон 20 нафар аз аъзои Толибон кушта шуданд.