Маркази омӯзиши забони форсӣ дар Русия роҳандозӣ мешавад
(last modified Sun, 14 Oct 2018 15:05:44 GMT )
Октябр 14, 2018 20:05 Asia/Dushanbe
  • Маркази омӯзиши забони форсӣ дар Русия роҳандозӣ мешавад

Муовини байналмилалии донишгоҳи Рудини Маскав гуфт: Маркази омӯзиши забони форсӣ ба зудӣ дар Русия роҳандозӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирно, Лариса Ефремова гуфт: Омодасозии донишҷӯён барои таҳсил дар хориҷ аз кишвар бавоситаи омӯзиши забони кишвари мавриди назар аҳаммияти бисёре дорад, аз ин рӯ дар донишгоҳи Рудини Русия марказе барои тадриси забони форсӣ роҳандозӣ шудааст.  

Муовини байналмилалии донишгоҳи Рудини Маскав дар Ҳамоиши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Русия дар бораи аҳаммияти густариши равобити таҳсилӣ миёни Русия бо соири кишварҳо гуфт: Ҳамкориҳои таҳсилӣ сабаби тақвияти равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии миёни Эрон ва Русия мешавад.  

Муовини байналмилалии донишгоҳи Рудин афзуд: Аз 1960 токунун миёни 20 донишгоҳи русӣ ва 13 донишгоҳи эронӣ иртиботи илмӣ барқарор будааст.  

Леван Ҷагарян, сафири Русия дар Эрон низ дар ин маросим гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба алоқаи Русия ба омӯзиши забони хориҷӣ бавижа форсӣ, тамомии кормандони русии муқими Эрон ба забони форсӣ тасаллут доранд.  

Вай Эрон ва Русияро дар арсаҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ дар як сангр донист ва афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба тақвияти ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар забони форсӣ дар бештари донишгоҳҳои Русия омӯзиш дода мешавад.