Инфиҷори террористӣ дар як ситоди интихоботии Афғонистон
Манобеи афғон аз вуқӯи инфиҷори бомба дар ситоди интихоботии як номзади интихоботи парлумонии Афғонистон дар ҷануби ин кишвар хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Ово”, манобеи маҳаллии вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон эълом карданд, субҳи рӯзи чаҳоршанбе бомбае дар дафтари ситоди интихоботии Абдулҷаббори Қаҳрамон, аз номзадҳои парлумонӣ дар шаҳри Лашкаргоҳ дар ин вилоят мунфаҷир шуд.
Гузоришҳои таъйидшуда баёнгари он аст, ки дар ин инфиҷори террористӣ Абдулҷаббори Қаҳрамон кушта шуд ва шуморе дигар низ кушта ва ё захмӣ шуданд.
Бо ин ҳол Умар Завак, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт,Абдулҷаббори Қаҳрамон бо ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.
Аз оғози раванди сабти номи номзадҳо то кунун 9 номзади интихоботӣ дар бархе аз манотиқи Афғонистон бар асари инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористӣ кушта шуданд.
Интихоботи парлумонии Афғонистон рӯзи шанбе (бистуми октябр) баргузор мешавад.
Беш аз 2500 номзади интихобот барои ба даст овардани 250 курсии маҷлиси миллии ин кишвар бо якдигар рақобат мекунанд.