Ихроҷи мудири Телевизиони миллии Покистон ба хотири як ғалати имлоӣ
(last modified Wed, 07 Nov 2018 15:39:47 GMT )
Ноябр 07, 2018 20:39 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи мудири Телевизиони миллии Покистон ба хотири як ғалати имлоӣ

Хато дар нигориши номи пойтахти Чин, сабаби ихроҷи мудири Телевизиони миллии Покистон (PTV) шуд.

Ба гузориши ИРНА, Телевизиони миллии Покистон (PTV) ҳангоми суханронии Имрон Хон, нахуствазири ин кишвар дар Пекин, дар нигориши номи пойтахти Чин дучор хато шуд.

Ин телевизион ба ҷои навиштани вожаи "Beijing", ки номи пойтахти Чин аст, калимаи "Begging"-ро, ки ба маънои гадоӣ кардан аст, дар канори сафҳаи телевизион навишт.

Ин ғалати имлоӣ, сабаби ихроҷи ду тани дигар аз мудирони аршади PTV низ шуд ва илова бар он, ду корманди ин шабака низ шуғли худро аз даст доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Телевизиони миллии Покистон (PTV) аз ин иштибоҳ узрхоҳӣ карда ва онро сирфан як ғалати нигоришӣ донист.

Фуод Ҳусайн Чуҳдарӣ, вазири иттилорасонӣ ва мероси миллии Покистон низ гуфт, ин иштибоҳ содда набуд ва Исломобод онро тавҳин ба сиёсатҳои давлати Имрон Хон бардошт мекунад.