Ноябр 19, 2018 14:47 Asia/Dushanbe
  • Cафари вазири хориҷаи Британия ба Теҳрон: Музокироти ҷомеъ бо аҳдофи роҳбурдӣ

Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷаи Британия сооте пеш вориди Теҳрон шуд.

Ин нахустин сафари Ҷереми Ҳант ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар симати вазири хориҷаи Англия аст.

Дидору музокироти вазири умури хориҷаи Британия дар Теҳрон дар шароити феълӣ ва бо таваҷҷуҳи сиёсатҳои якҷонибаи Трамп, сафаре бо аҳдофи муҳим ва роҳбурдӣ аст, ки тайи он ҳама абъоди равобити ду кишвар аз ҷумла мабоҳиси иқтисодӣ, сиёсӣ, минтақаӣ ва мабоҳиси байналмилалӣ ва БарҶом мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор мегирад.

Ҳифзи БарҶом аҳамияти роҳбурдӣ барои Эрон ва Аврупо дорад. Вазири умури хориҷаи Британия панҷуми ноябр дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ, зимни таъкид бар пойбандӣ ба тавофуқи БарҶом, иҷрои фаврии созукорҳои вижаи Аврупо барои идомаи ҳамкории иқтисодӣ бо Эронро хостор шуд.

Аммо Эрон дар хусуси иҷрои БарҶом интиқодҳоеро дорад. Интизори Эрон ин аст, ки давлати Британия ва дигар кишварҳои аврупоӣ, бо ибтикори амали бонкҳо, монеаҳо ва маҳдудиятҳои иртибототи бонкии ношӣ аз иқдомоти якҷониба ва таҳримҳои ғайриқонунии Амрикоро бартараф кунад. Қатъан дар ин сафар ин интизорот ва роҳкорҳо мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.

Браян Вилсон, вазири умури дохилии пешин Британия дар ёддоште, ки дар нашрияи “Скотзман” (рӯзномаи миллии Скотланд) мунташир шуд, бо ғайрисозанда хондани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон изҳор дошт, Лондон бояд фосилаи худро аз сиёсатҳои Трамп дар қиболи Эрон ҳифз кунад, зеро ин рӯйкард ба масирҳои хатарнок хотима меёбад.

Гирифтани як мавзеи шаффоф аз сӯйи Вазорати умури хориҷаи Британия дар посух ба таҳримҳои ғайрисозандаи Трамп алайҳи Эрон нишон хоҳад дод, ки Лондон иродае росих барои фосила гирифтан аз сиёсатҳои ифротии Трамп дорад. Бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо дар моҳҳои оянда, интизор меравад, ки Лондон бастаи мустақилеро дар ҳимоят аз муносиботи тиҷорӣ бо Эрон ироа кунад.

Чарлз Блек Мориян, таҳлилгари аршади масоили иқтисодӣ бо ишора ба таъсири мусбати “Брекзит” бар алоқамандии ширкатҳои англисӣ ҷиҳати ҳузури фаъол дар Эрон мегӯяд, ин масъала сабаби алоқамандии бештари ширкатҳо ба Эрон шудааст.

Вай афзуд: “Ба далели равобити тиҷорӣ, Британия равобити қавитареро бо Эрон барқарор хоҳад кард. Ширкатҳои англисии бештаре хоҳони тавофуқҳои тиҷории дуҷониба бо Эрон ҳастанд ва фикр мекунам дипломатияи мо низ қавитар хоҳад шуд”.

Алистар Бурт, муовини вазири хориҷаи Британия низ моҳи август дар сафараш ба Эрон дар дидори Сайид Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои равобити хориҷии Эрон, зимни таъкид бар тамоюли Лондон ба ҳифзи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон гуфт, на танҳо Эрон, ки Аврупо ҳам қурбонии сиёсатҳои ғалати давлати Амрико аст.

Акнун бо сафари вазири хориҷаи Британия ба Теҳрон даври ҷадиди гуфтугӯҳои Теҳрон ва Лондон дар чорчӯби ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба дар пайи хуруҷи Амрико аз БарҶом, наҳваи таъмини созукорҳои пулӣ ва молӣ байни ду кишвар шуруъ шудааст. Ин музокирот аммо бояд ба гунае пеш равад, ки Эрон битавонад аз манофеи БарҶом баҳраманд шавад.

Ройзанӣ ва таомулоти сиёсии Лондон бо Теҳрон метавонад ба ҳамкорӣ барои суботи бештар дар минтақа мунҷар шавад. Имрӯз ба хубӣ равшан аст, ки Эрон бо нақшофаринии созандаи худ, минтақаро аз нобудӣ ва терроризм наҷот додааст ва ин масъала барои Аврупо аҳамияти роҳбурдӣ дорад.