Ноябр 19, 2018 20:35 Asia/Dushanbe
  • Толибон таъйини муҳлат барои поёни ҷанг дар Афғонистонро рад кард

Сухангӯии Толибон тавофуқ бо намояндаи Амрико дар Афғонистонро дар бораи таъйини зарбулаҷал барои поён ёфтани ҷанги 17 сола дар ин кишвар рад кард.

Хабаргузории Рейтерз эълом кард, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин суханонро як рӯз пас аз баёнияи Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон дар борам таъйини зарбулаҷал барои поёни ҷанг дар Афғонистон то соли 2019 баён кард ва афзуд, нишаст бо Халилзод бидуни ҳеч тавофуқномае ба поён расид.

Муҷоҳид афзуд, раҳбари Толибон ва Зулмай Халилзод ҳафтаи қабл ва бори дуввум дар як моҳи гузашта дар Қатар дидор карданд.

Се мақоми Толибон низ гуфтаанд, ки раҳбарони ин гурӯҳ ҳеч муҳлатеро барои дастёбӣ ба сулҳ напазируфтаанд.

Зулмай Халилзод, дипломати амрикоии афғонтабор, ки аз сӯи давлати Иёлати Муттаҳидаи Амрико барои музокироти сулҳи Афғонистон интихоб шуда, рӯзи якшанбеи 17 ноябр гуфта буд, умедвор аст то 20 апрели 2019 муоҳидаи сулҳ бо ин гурӯҳ ниҳоӣ шавад.

Ин муҳлат ҳамзамон бо таърихи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон аст.

Бо ин ҳол, яке аз аъзои аршади Толибон ба Рейтерз гуфтааст, раҳбарони Толибон бо ҳеч як аз зарбулаҷалҳо мувофиқат накардаанд, чаро ки дар тамомии ҷибҳаҳо пирӯз шудаанд.

Музокироти сулҳи Афғонистон аз 15 ноябр ба муддати се рӯз дар Қатар баргузор шуд.