Афғонистон барои кӯдакон бисёр тарснок аст
Мудири бахши иртибототи Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) рӯзи сешанбе бо таъкид бар ин ки шароити Афғонистон барои кӯдакон бисёр тарснок аст, гуфт, дар нимаи нахусти соли 2018 ҳудуди панҷ ҳазор кӯдак дар Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд.
Ба гузориши ИРНА, Алисон Лил Паркер изҳор дошт, шумори кӯдакони афғонистонии қурбонии ҷанг дар нимаи нахусти имсол муодили осебдидагони кулли соли 2017 будааст.
Лил Паркер ҳамчунин гуфт, дар натиҷаи хушксолии шадиди имсол дар Афғонистон 6 миллион афғонистонӣ, шомили се миллион кӯдак ниёзманди кумакҳои башардӯстона ҳастанд.
Мудири бахши иртибототи ЮНИСЕФ ба ноамнӣ ва набуди ғизо дар Афғонистон низ ишора кард ва гуфт, ноамнӣ ва набуди ғизо муҷиби маҳрумияти беш аз се миллион кӯдаки афғонистонӣ аз таҳсил шудааст.
Бисёре аз мақомот ва коршиносони афғонистонӣ Амрикоро омили аслии густариши ноамнӣ ва ҷанг дар ин кишвар медонанд.