Декабр 01, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми дерҳангоми Порис алайҳи раҳбари ҳизби ҳокими Миёнмор

Шаҳрдори Порис эълом кард, ки шаҳрванди ифтихории раҳбари ҳизби ҳокими Ҷабҳаи миллии Миёнморро пас мегирад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Франс 24”, шаҳрдори Порис рӯзи ҷумъа эълом кард, Ан Идалго, шаҳрдори ин шаҳр ба далели сукути Онг Сон Сучи, раҳбари ҳизби ҳокими ҷабҳаи миллии Миёнмор дар қиболи хушунати низомиёни ин кишвар алайҳи мусалмонони Руҳингиё, ки Созмони Милали Муттаҳид, онро наслккшӣ номидааст, шаҳрвандии ифтихориро аз вай пас мегирад.

Патрик Клугман, муовини равобити байналмилали шаҳрдори Порис низ гуфт, ин тасмим иқдоми намодини тунд ва бесобиқа дар таърихи шаҳрдории Порис аст, зеро наметавон Сучиро ба хотири ҳаводисе, ки барои мусалмонони Руҳингиё рух медиҳад, бахшид.

Шаҳрдори Порис эълом карда, ки тасмими пас гирифтани шаҳрвандии ифтихории Сучи дар ҷаласаи ояндаи шаҳрдорӣ дар 10 декабр расмият меёбад.

Созмони Афви Байналмилал низ дар иқдоме мушобеҳ дар 12 ноябри 2018 ҷоизаи муътабари “Сафири виҷдон” - ро аз Сучи пас гирифт.

Ҷиноятҳои густурдаи нерӯҳои артиш ва буддоиёни ифротии Миёнмор зидди мусалмонони Руҳингиё дар иёлати Рохин, дар ғарбт ин кишвар аз авохирт августт 2017 то кунун ҳазорон кушта ва маҷрӯҳ ва садҳо ҳазор овора барҷой гузоштааст.

Ҳудуди 700 ҳазор мусалмони Руҳингиё соли 2017 ба далели хушунат, таҷовуз ва куштори артиши Миёнмор, аз ин кишвар ба Бангладеш гурехтанд.

 

Барчасп