Декабр 02, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми намоишии маҷлиси намояндагони Амрико дар мавриди ДИИШ

Маҷлиси намояндагони Амрико, дар иқдоме намоишӣ дар шароите ба истилоҳ пешнависи қонуни муҳокимаи ДИИШ-ро тасвиб кард, ки Вашингтон худ аз ҳомиёни аслӣ ва бавуҷудоварандагони ин гурӯҳи террористӣ аст.

Ба гузориши Скай-Нюс, маҷлиси намояндагони Амрико дар иқдоме намоишӣ ва фиребкорона бо пешнависи қонуне мувофиқат кард, ки бар асоси он гурӯҳи ДИИШ ба хотири ҷиноят алайҳи ақаллиятҳои динӣ ва қавмӣ дар Ироқ ва Сурия бозхост ва муҳокима мешавад.

Номи ин қонуни пешниҳодӣ, "Қонуни куштори ҷамъӣ ва бозхост дар Ироқ ва Сурия" аст ва барои иҷроӣ шудан ба имзои Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ниёз дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун Амрикоро ба далели таъхир дар кумак ба ақаллиятҳо дар Ироқ ва Сурия дар муқобила бо гурӯҳҳои террористии мисли ДИИШ дар маърази интиқодҳои зиёде қарор додааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ, дар чанд соли гузашта бо ҳимояти Амрико ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ-арабӣ дар Сурия ва Ироқ муртакиби ҷиноятҳои ваҳшёнае шуданд.