Декабр 10, 2018 10:48 Asia/Dushanbe
  • Амрико ва Русия бузургтарин тавлидкунандагони силоҳ дар ҷаҳон

Русия баъд аз Амрико, ба дуввумин тавлидкунандаи бузурги силоҳ дар ҷаҳон бадал шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муассисаи пажӯҳишии сулҳи байналмилалии “Стокҳолм” рӯзи душанбе эълом кард, Русия баъд аз Амрико ба дувумин тавлидкунандаи бузурги силоҳ дар ҷаҳон бадал шудааст. Пештар Англия аз соли 2002 ин ҷойгоҳро дар ихтиёр дошт ва акнун ҳам бузургтарин созандаи силоҳ дар ғарби Аврупо ба ҳисоб меояд.

Ин муассиса дар гузориши солонаи худ гуфтааст, ширкатҳои русӣ дар маҷмӯъ дар соли 2017 ҳудуди 37.7 миллиард ё 9.5 дарсад аз кулли фурӯши таслиҳоти ҷаҳон дар ин соли (398/2 миллиард доллар) силоҳ фурӯхтаанд, ки рушди солонае муодили 8.5 дарсадро нишон медиҳад.

Дар гузориши Муассисаи пажӯҳишии сулҳи байналмилалии Стокҳолм омадааст, барои аввалин бор дар таърихи ин гузориш, як ширкати русӣ, яъне ширкати давлатии “Almaz-Antey”, ки дар Маскав мустақар аст ва муҳиммтарин тавлидоташ сомонаҳои пешрафтаи дифои ҳавоӣ аст, дар зумраи даҳ ширкати аслии тавлиди таслиҳот дар ҷаҳон қарор гирифтааст.

Амрико ҳамчунон бо 42 ширкат аз ҷумла Локҳид Мартин, ки бузургтарин ширкати созандаи таслиҳот дар ҷаҳон аст ва дар ихтиёр доштани 57 дарсад фурӯшҳои таслиҳотӣ, мақоми аввали тавлидкунандаи таслиҳотро дар ихтиёр дорад.

Нуктаи муҳимми дигари ин гузориш, афзоиши 24 дарсадии фурӯши ширкатҳои таслиҳотии Туркия дар соли 2017 аст. Ширкатҳои чинӣ ба иллати дар дастрас набудани омор ва иттилоот, дар гузориши Муассисаи пажӯҳишии сулҳи байналмилалии Стокҳолм лиҳоз нашудаанд.