Декабр 10, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоӣ: Агар мо набудем, саудиҳо бояд форсӣ ҳарф мезаданд

Сенатори амрикоӣ, ки пештар аз Оли Сауд ҳимоят мекард, ба таври ҳамзамон тарҳи эронҳаросӣ ва таҳқири Арабистонро ба пеш мебарад.

Сенатор Линдсей Граҳам, ки пеш аз ифшои қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ аз ҳомиёни Арабистони Саудӣ ба шумор мерафт, бор дигар қатъи ҳимояти Вашингтон аз ҳокимони Риёзро зарурӣ донист ва гуфт: Агар Амрико набуд, онҳо зарфи як ҳафта дар Арабистон ба форсӣ ҳарф мезаданд.  

Граҳам, ки бо шабакаи телевизионии Фокс Ниюз гуфтугӯ мекард, идома дод: Арабистон артиши бисёр заифе дорад ва танҳо таъминкунандаи 9 дарсад аз нафти воридотии Амрико аст, пас хеле бештар аз онки мо ба онҳо ниёз дошта бошем, онҳо ниёзманди мо ҳастанд ва далеле барои иртибот бо ин режими ҷинояткор намебинам.

Ин сенатори амрикоӣ дар бахши дигаре аз суҳбатҳои худ бо ишора ба нақши мустақими Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар қатли Хошуқчӣ гуфт: Ҳар сенаторе, ки гузориши иттилоотии созмони CIA-ро дарёфт карда бошад, шакке надорад, ки Бин Салмон шарики ҷурми ин парванда будааст.

Суханони Линдсей Граҳам дар бораи суқути як ҳафтаии Оли Сауд дар сурати кумак накардани Амрико ба онон ёдовари иддаои Трамп аст, ки гуфта буд, Оли Сауд бидуни кумаки Амрико як ҳафта ҳам давом намеоварданд.

Ин иддаоҳо, ки дар чорчуби тарҳи эронҳаросӣ матраҳ мешавад, дар ҳоле аст, ки ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷгоҳ ба ҳеҷ як аз ҳамсоягони худ ҳамла накардааст.