Озори ҷинсии беш аз ними духтарони донишомӯз дар Англия
Натоиҷи як гузориши мунташиршуда нишон медиҳад, беш аз ними духтарон дар мактабу коллеҷҳои Англия мавриди озори ҷинсӣ қарор мегиранд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз" аз Лондон, дар ин гузориш, ки тавассути як кумитаи парлумони Англия таҳия ва мунташир шудааст, омадааст, зӯргӯии ҷинсӣ алайҳи духтарон ба як амри оддӣ дар зиндагии рӯзмарраи духтарони Англия будааст. Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, тақрибан аз се як қисми духтарони аз 16 то 18-солаи англис таҷрибаи озору азияти ҷинсиро дар мактаб доштаанд. Дар ин гузориш хоста шудааст, донишомӯзони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна омӯзишҳои лозимро барои муқобила бо ин гуна озорҳо дарёфт кунанд.
Намояндагони парлумони Англия низ дар ҳамин бора хостори таваққуфи фаврии «озори ҷинсии густурда» дар мактабҳои ин кишвар шудаанд. Намояндагони парлумони Англия ба дунболи интишори натоиҷи таҳқиқоти ҷадиде дар бораи озору азияти ҷинсӣ алайҳи духтарон дар мактабҳо ба кор бастани иқдоми фаврӣ барои мубориза бо чунин мушкилро хостор шудаанд.