Декабр 17, 2018 18:42 Asia/Dushanbe
  • Трамп қотили шаҳрванди афғонистониро қаҳрамони артиши Амрико хонд

Доналд Трамп дар паёме твитерӣ, афсари амрикоиро, ки як шаҳрванди ғайринизомии Афғонистонро ба қатл расондааст, қаҳрамони артиши Амрико хонд.

Артиши Амрико саранҷом баъд аз ҳашт сол ин ҳафта дар баёнияе иқдоми афсари низомии ин кишвар ба номи Матию Голстейнро дар қатли як шаҳрванди ғайринизомии афғон дар соли 2010 пазируфт.

Раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба бозбинии парвандаи ин низомии амрикоӣ ва муттаҳам шудани ӯ ба қатли амди як ғайринизомии афғон, ин афсари амрикоиро қаҳрамони артиши Амрико хонд ва таъкид кард, ки дар парвандаи ӯ таҷдиди назар хоҳад кард.

Доналд Трамп эълом кард: Бар асоси қонуни давлати мо, ҳукми Матию Голстейн ба далели қатли як шаҳрванди ғайринизомӣ дар хориҷ аз кишвар эъдом аст, аммо ман бо дахолат дар парванда аз ин кор ҷилавгирӣ хоҳам кард.

Матию Голстейн афсари эъзомии Амрико фарде ба номи Расулро дар дувуми феврали 2010 дар наздикии пойгоҳи Амрико дар устони Ҳилманд ба қатл расонд, аммо бо таваҷҷуҳ ба эътирофи ин афсар ба қатл, артиши Амрико дар 2013 парвандаи вайро махтума эълом кард.  

Ба дунболи нодида гирифтани ҷиноёти афсарони амрикоӣ дар Афғонистон, Дукан Ҳонтер, намояндаи ҷумҳурихоҳи Амрико пайгирии муҷаддади парвандаи Матию Голстейнро хостор шуд.