Декабр 18, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии Тони Блэр алайҳи муҳоҷирони мусалмон

Нахуствазири асбақи Бритониё дар изҳороти исломситезонае муддаӣ шуд, нигаронии аслии мардуми ин кишвар дар бораи муҳоҷирон бештар мутаваҷҷеҳи муҳоҷирони мусалмон аст.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Тони Блэр, нахуствазири асбақи Бритониё гуфт, нигаронии аслии мардуми Бритониё дар бораи муҳоҷироне аст, ки аз кишварҳои мусалмон ба ин кишвар меоянд. Иддаои Тони Блэр дар шароите матраҳ мешавад, ки маҳдудиятҳо ва сахтгириҳо алайҳи мусалмонон дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё дар моҳҳои ахир ташдид шудааст.

Беш аз 150 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид даҳуми декабр паймони ҷаҳонии муҳоҷиратро, ки дар он бар лузуми тадвини сиёсати воҳид дар қиболи паноҳҷӯён таъкид шуда, тасвиб карданд. Амрико ва давлатҳои ростгарои аврупоӣ, аз ҷумла Австрия ва Лаҳистон эълом кардаанд, ин паймон, ки дар нишасти ҳафта гузашта дар Марокаш тасвиб шуд, давлатҳоро дар иттихози сиёсати мустақил дар қиболи паноҳҷӯён маҳдуд мекунад.

 

Барчасп