Ҳазор нафар аз Кореяи Шимолӣ фирор карданд
Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ аз фирори беш аз ҳазор табааи Кореяи Шимолӣ ба ҳамсояи ҷанубӣ дар соли 2018 хабар додааст.
Ба гузориши “Тасним”, Вазорати иттиҳоди Кореяи Ҷанубӣ эълом кардааст, ки дар моҳҳои январ то ноябри имсол беш аз 1042 шаҳрванди Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ гурехтаанд.
Дар соли 2017 низ 1045 нафар аз атбои Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ фирор карданд.
Бар асоси ин гузориш, теъдоди атбои Кореяи Шимолӣ, ки ҳамакнун дар Кореяи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд то поёни ноябри имсол ба беш аз 32 ҳазору 381 нафар расидааст.
Як манбаи огоҳ дар Вазорат иттиҳоди Кореяи Ҷанубӣ гуфт, аз замоне, ки Ким Ҷунг Ун дар соли 2012 ба раҳбарии Кореяи Шимолӣ расидааст, ҳар сол 1000 то 1500 табааи Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ гурехтаанд.