Амрико тилои сурхи Афғонистонро ҳам ғорат мекунад
Дар идомаи ғорати манобеи табиӣ Афғонистон ба даст амрикоиҳо дар солиёни гузашта, акнун низ неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳида бахши умдаи содироти заъфарони афғонҳоро дар инҳисори худ гирифтаанд.
Ба гузориши ИРНА, ба тозагӣ сарбозони артиши Амрико дар Афғонистон ширкате чандмиллиондолларӣ бо номи «Римӣ Спайс» дар ин кишвар таъсис кардаанд, ки маҳсули заъфарон бисёре аз кишоварзони афғонро бо қимати бисёр кам мехарад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба беш аз чаҳор ҳазор доллар мефурӯшад.
Ба гуфтаи рӯзнома низомии “Стрип”, амрикоиҳо танҳо барои эҷоди амният ва субот ба кишвари Афғонистон эъзом нашудаанд, балки дар муддати ҳузури худ дар ин кишвар ба дунболи ғорати сармояҳои Афғонистон аз ҷумла заъфарон ҳастанд.
Бисёре аз коршиносони иқтисодӣ бар ин боваранд, ки дар сурати идомаи коҳиши қимати заъфарон, эҳтимоли онки бисёре аз кишоварзони афғон дигарбора ба кошти маҳсулоти афюнӣ монанди тарёк гароиш пайдо кунанд, бисёр зиёд аст.
Бо идомаи ҳузури неруҳои низомии Амрико дар Афғонистон ва идомаи ҷанги 17-сола дар ин кишвар, заъфарон яке аз сармояҳои Афғонистон ба далели эҷоди фазои ноамн ва бесубот дар чанд соли ахир бо коҳиши шадиди содирот ва уфти қимат ҳамроҳ будааст.
Кишоварзони афғон, ки аз кошти маҳсулоти афюнӣ монанди тарёк ба самти кошти заъфрон гароиш пайдо кардаанд ба инҳисори неруҳои амрикоӣ бар содироти заъфарони Афғонистон эътироз мекунанд.
Пеш аз ин низ хабаргузории Садои афғон (ОВО) дар гузорише ба ҳузури ширкати Блэквотер дар Афғонистон ва истихроҷи сарвати маъданҳо табиии ин кишвар ишора карда буд.
Ба гуфтаи мақомоти афғон, Эрик Пренс муассиси ширкати хусусии амниятии Блэквотер ба дунбол истихроҷи тило ва мис аз маъданҳои кишвари Афғонистон аст.