Инфиҷори бузург маркази Порисро ба ларза даровард
(last modified Sat, 12 Jan 2019 09:38:45 GMT )
Январ 12, 2019 14:38 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бузург маркази Порисро ба ларза даровард

Шаҳри Порис пеш аз зӯҳри имрӯз шоҳиди вуқӯи инфиҷори бузург дар яке аз хиёбонҳои марказиаш буд.

Полис мегӯяд, чандин нафар бар асари ин инфиҷор маҷрӯҳ шудаанд.

Шаҳри Порис, пойтахти Фаронса пеш аз зуҳри имрӯз шоҳиди вуқӯи инфиҷори бузург буд.

Скай нюс гузориш дод, ки полиси Фаронса эълом карда, бар асари ин инфиҷор чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Тасовири ирсолӣ аз ин ҳикоят доранд, ки ин инфиҷори бузург дар як нонвоӣ дар хиёбони Триуси Порис рух додааст.

Хабаргузории Алҷазира гузориш додааст, ки ин инфиҷори бузург бар асари нашти газ рух додааст.

Бар асари ин инфиҷор хисоратҳои сангине ба сохтмонҳо ва маконҳои тиҷорӣ ворид шудааст.

Мақомоти амниятии Фаронса низ аз мардум хостаанд, ки аз наздик шудан ба минтақаи маҳалли инфиҷор худдорӣ кунанд.