Январ 15, 2019 18:40 Asia/Dushanbe
  • Таътилии давлати Амрико ва пазироии Трамп аз меҳмонон бо ғизои тезтаёр!

Дар паи таътилии давлати Амрико ва ба мураххасӣ рафтани коркунони Кохи Сафед, раисҷумҳури ин кишвар бо анвои фастфуд (ғизои тезтаёр) маросими шоми тамҷид аз қаҳрамонони футболи амрикоиро баргузор кард.

Доналд Трамп дар маросиме, ки дар Кохи Сафед баргузор карда буд, бо анвои фастфуд қаҳрамони тими футболи донишгоҳи Клемсонро бо ҳузури бозикунон ва авомили он ҷашн гирифт.

Ӯ гуфт, ба воситаи таътилии давлати Амрико қодир ба таҳияи хуроки беҳтар барои ҷашни қаҳрамони ин тим набуда ва шахсан ҳазинаи хариди фастфудро барои пазироӣ аз меҳмононаш пардохт кардааст.

Трамп, ки дар ин меҳмонӣ анвои фастфуд шомили, сандвич, питза ва картошкаи сурхшуда харидорӣ карда буд, дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт: “Фикр мекунам, ғизои мавриди алоқаи онҳо бошад, сабр мекунем бубинем, чи иттифоқе меафтад”.

Трамп дар ҷамъи хабарнигорон ба баргузории ин маросим бо ҳазинаи худаш ба далели таътилии давлат ишора кард ва гуфт: Аз онҷо, ки давлат таътил аст, мо берун рафтем ва бо ҳазинаи худам фастфуди амрикоӣ барояшон супориш додем. Як олама гамбургер ва миқдори зиёде питза!

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин иқдоми Трамп интиқод карда ва бархе ҳам бо ишора ба сарвати шахсии вай, хариди фастфуд барои меҳмононро нишонаи хасис будани ӯ донистаанд.

Раисҷумҳури Амрико дар маросими шом бо ҳузури бозикунони тими футболи донишгоҳи Клемсон, бори дигар ба аҳаммияти сохти девор дар марзи Амрико бо Мексика таъкид ва эълом кард, бар мавзеи худ устувор аст.

Дар остонаи соли 2019 давлати Амрико ба далели ихтилофи Кохи Сафед бо Конгресс бар сари таъмини будҷаи сохти девор дар марз бо Мексика таътил шуд, ки ин вазъият ҳамчунон идома дорад.