Январ 16, 2019 12:30 Asia/Dushanbe
  • Русия: Партоби моҳвора аз сӯйи Эрон нақзи қонунҳои байналмилалӣ нест

Муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи сешанбе бо таъкид бар ин ки партоби моҳвора аз сӯйи Эрон нақзи қонунҳои байналмилалӣ нест, изҳор дошт, ҳеҷ далеле барои интиқод аз барномаи фазоӣ ва мушакии Эрон вуҷуд надорад.

Ба гузориши Алолам, Сергей Рябоков аз мавзеъгирии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар қиболи барномаи фазоӣ ва мушакии Эрон интиқод кард ва гуфт, Эрон бо озмоишҳои фазоӣ ва мушакии худ ҳеҷ гуна иқдоми мамнуъ аз назари қонунҳои байналмилалӣ ё тавофуқномаҳое, ки ин кишвар дар он мушорикат дорад, анҷом намедиҳад.

Амрико ба ҳамроҳи бархе муттаҳидонаш, азҷумла Фаронса, ки ҳамвора ба дунболи инҳисори технологияҳои пешрафта барои худ ҳастанд, муддаиянд, иқдоми Эрон дар партоби моҳвора ба фазо дар таноқуз бо Қатъномаи 2231 - и Созмони Милали Муттаҳид аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбеи 3 январ дар вокуниш ба ин иддао тасреҳ кард, Вашингтон Эронро ба нақзи қатъномае муттаҳам мекунад, ки худ онро нақз кардааст.

Зариф гуфт, касоне, ки бо БарҶом ошно ҳастанд, медонанд партоби моҳворабар тавассути Эрон ва озмоишҳои мушакӣ нақзи Қатъномаи 2231 нестанд.

Вазири хориҷаи Эрон пештар низ бо баёни ин ки қатъномаи 2231 – и Созмони Милали Муттаҳид танҳо аз Эрон мехоҳад мушаки ҳомили кулоҳаки ҳастаӣ насозад, изҳор дошта буд, Эрон барномаи ҳастаии низомӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ то кунун дар 13 гузориш пойбандии Эрон ба БарҶом ва сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эронро таъйид кардааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сешанбеи 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар қиболи БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.