Январ 30, 2019 12:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари мухолифони давлати Венесуэла мамнуъулхуруҷ шуд

Додгоҳи олии Венесуэла сешанбешаб бо дархости додситони кулли ин кишвар дар хусуси мамнуъулхуруҷӣ ва масдуд кардани ҳисобҳои бонкии Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла мувофиқат кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳамчунин ба дархости Тарик Вилям Сааб, додситони кулли Венесуэла, таҳқиқоти қазоӣ дар бораи фаъолиятҳои Гуайдо алайҳи давлати мунтахаби ин кишвар ва иртиботи вай бо кишварҳо ва дастгоҳҳои ҷосусии хориҷӣ оғоз шуд.

Додситони кулли Венесуэла рӯзи сешанбе аз додгоҳи олии ин кишвар хоста буд, бо судури ҳукми мамнуъулхуруҷӣ ва инсидоди ҳисобҳои бонкии Хуан Гуайдо, таҳқиқоти муқаддамотии қазоӣ барои расидагӣ ба иттиҳомҳои вайро оғоз кунад.

Тарик Вилям Сааб изҳор дошта буд, иқдоми Гуайдо дар муаррифии худ ба унвони раисҷумҳур боиси ба вуҷуд омадани хушунат дар ин кишвар шудааст.

Хуан Гуайдо чаҳоршанбеи гузашта бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раисҷумҳури Венесуэла хонд. Иқдоме, ки давлат ва миллати Венесуэла онро кудато алайҳи Николас Мадуро, раисҷумҳури мунтахаби мардум баршумурданд.

Амрико ва муттаҳидонаш бо ҳимоят аз Хуан Гуайдо ба дунболи анҷоми кудато дар Венесуэла ҳастанд.

Бисёре аз кишварҳо, азҷумла Эрон, Русия, Чин, Куба, Туркия, Африқои Ҷанубӣ ва Уругвай ин рафтори Амрикоро маҳкум ва бар лузуми эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Венесуэла таъкид кардаанд.

Венесуэла дар чанд моҳи гузашта шоҳиди нооромӣ ва тазоҳуроти мухолифони давлати ин кишвар аст. Мухолифони давлати Венесуэла барои барканории Николас Мадуро талош мекунанд.

Вашингтон низ бо эъмоли таҳрим ва ҳимоят аз мухолифони давлати Венесуэла талош мекунад давлати қонунии ин кишварро, ки рӯйкарде зидди амрикоӣ дорад, сарнагун кунад.

 

Барчасп