Қарзи давлати Амрико бо 22 триллион доллар рекорд зад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41684-Қарзи_давлати_Амрико_бо_22_триллион_доллар_рекорд_зад
Вазорати хазонадории Амрико дар гузорише эълом кард, қарзи миллии давлати ин кишвар ба 22.013 триллион доллар расида, ки дар таърихи Иёлоти Муттаҳида бесобиқа аст.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 13, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Қарзи давлати Амрико бо 22 триллион доллар рекорд зад

Вазорати хазонадории Амрико дар гузорише эълом кард, қарзи миллии давлати ин кишвар ба 22.013 триллион доллар расида, ки дар таърихи Иёлоти Муттаҳида бесобиқа аст.  

Аз ин рақам, маблағе ҳудуди 16.1 триллион доллар, қарзи давлати Амрико ба мардум ва 5.9 триллион доллар қарзи дарунидавлатӣ аст.  

Қарзи умумии давлати федерали Амрико дар даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп 2 триллион доллар афзоиш ёфтааст.